“Перевод” аз хориҷа ба Ӯзбекистон $217 миллион коҳиш ёфт


Дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Ӯзбекистон 3 миллиард доллар интиқол ёфт. Дар ин бора Бонки марказӣ хабар дод.
Ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷа ба Ӯзбекистон дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли гузашта 217 миллион доллар, ё 7 дарсад коҳиш ёфт.
Дар ин муддат аз Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 516 миллион доллар пул фиристода шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо 7 моҳи соли 2019 47 миллион доллар, ё 8 дарсад коҳишро нишон медиҳад.
Бояд гуфт, ки кам шудани ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷа ба Ӯзбекистон пайомади пандемияи коронавирус аст. Дар натиҷаи пандемия бисёре аз ӯзбекистонҳое, ки дар кишварҳои хориҷӣ муҳоҷир ҳастанд, кори худро аз даст доданд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ