Раисҷумҳури Мали баъди асир афтодан ба дасти шӯришгарон истеъфо дод

Раисҷумҳури Мали баъди асир афтодан ба дасти шӯришгарон истеъфо дод

  • Post category:Ҷаҳон


Иброҳим Бубакар Кейта, раисҷумҳури Мали, ки ба дасти низомиёни шӯришгар асир афтод, рӯзи 19 август истеъфои худро эълон кард. Шабакаи телевизионии давлатӣ суханронии ӯро пахш кард.
Бино ба хабари Регнум, Кейта гуфт, “Ба шумо хабар медиҳам, ки аз ин лаҳзаҳо ҳамаи ваколатамро вогузор мекунам”.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ӯ афсӯс намекунад, ки барои нигаҳдории ҳукуматаш “хун рехта буд”.
Ҳамчунин, Кейта истеъфои ҳукуматро эълон кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18 август нерӯҳои мусаллаҳи Мали бар зидди ҳукумат шӯриш бардоштанд. Шӯришгарон якчанд мақоми олирутбаи давлатро асир гирифтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ