ФИКРИ ДЕПУТАТ: КАМБИЗОАТИРО БО ТАДБИРҲОИ МУВАҚҚАТӢ БАРТАРАФ КАРДАН МУМКИН НЕСТ

ФИКРИ ДЕПУТАТ: КАМБИЗОАТИРО БО ТАДБИРҲОИ МУВАҚҚАТӢ БАРТАРАФ КАРДАН МУМКИН НЕСТ

Камбизоатӣ имрӯз ё дирӯз пайдо нашудааст. Чи хеле ки дар ҳама давру замон, дар ҳама кишварҳо мавҷуд буд, дар Ӯзбекистон низ аҳолии камтаъмин, эҳтиёҷманд ҳаст.
Ёдовар мешавем, ки дар Муроҷиатномаи худ ба парлумон сарвари давлатамон гуфта буд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар тақрибан 12-15 фоизро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки 4-5 миллион нафар одамон сарчашмаи кофии даромад надоранд ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд. Тибқи таҳлилҳо, даромади рӯзонаи ин ҳамватанонамон аз 10-15 ҳазор сӯм зиёд набудааст …
Мо дар бораи камбизоатӣ, коҳиш додани он бисёр гап мезанем. Рақам ва нишондиҳандаҳои дар ин самт бударо ҳамаҷониба таҳлил карда, тавсияҳо пешниҳод менамоем. Пас камбизоат воқеан кист? Барои муайян кардани он мо аз кадом меъёрҳо истифода мебарем?
Барои ин, пеш аз ҳама, қабули қонуни алоҳида оид ба мафҳуми камбизоатӣ, муайян кардани меъёрҳои муайянсозии он, яъне «сабади истеъмолӣ» ва «ҳадди ақалли зиндагӣ» зарур аст. То қонуни зарурӣ қабул гардида, эътибор пайдо накунад, барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ самарабахш татбиқ намегарданд. Маблағҳои зиёд, саъю кӯшиш ва вақт зоеъ меравад. Чаро оилае дар вазъияти душвор қарор дорад? Кӣ ба кӯмак ниёз дорад? Ба ин суолҳо ҷавобҳои асоснокро наёфта, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ осон нахоҳад шуд.
Дуруст, чораҳо оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ таҳия шуданд, низоми пеш бурдани «Дафтарчаи оҳанин» ҷорӣ карда шуд. Аммо, мо бояд фаромӯш насозем, ки то миқдори ҳадди ақалли зиндагиро муайян накунем, дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба саддҳо рӯ ба рӯ шудан мегирем. Бо гузашти вақт ҳама кӯшишҳо беҳуда ва бесамар мегарданд.
Фраксияи мо дар палатаи поёнии парлумон лоиҳаи қонун ва консепсия «Дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ»-ро таҳия карда, ба ҳукумат пешниҳод кард. Гурӯҳи корӣ иборат аз депутатҳо, фаъолон ва коршиносон таҷрибаи хориҷиро дар самти муайян намудани «сабади истеъмолӣ» ва «ҳадди ақалли зиндагӣ» меомӯзанд ва таҳлил мекунанд.
Албатта, дар шароити кунунии пандемия маълум аст, ки дар танзими муносибатҳо дар ин самт як қатор мушкилот хоҳад буд. Дар шароити имрӯзаи иқтисодии мураккаб, татбиқи ин меъёр осон нест. Аммо роҳи дигари муқобил вуҷуд надорад. Ба ибораи дигар, ба фикрам, бо баҳонаҳои гуногун аз ба таъхир гузоштани қабули қонун «Дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ» суде нест.

Шербек БӮРОНОВ,
аъзои фраксияи ҲХД Ӯзбекистон дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ