Дар Самарқанд аз фурӯши ноқонунии дору ба арзиши 48 миллион сӯм пешгирӣ карданд

Дар Самарқанд аз фурӯши ноқонунии дору ба арзиши 48 миллион сӯм пешгирӣ карданд


Кормандони хадамоти гумруки вилояти Самарқанд аз фурӯши ноқонунии дору ба арзиши 48 миллиону 485 ҳазор сӯм пешгирӣ карданд. Дар ин бора маркази матбуотии хадамоти гумруки вилоят хабар дод.
Кормандони гумруки вилоят дар раванди амалиёте дар вокзали “Улуғбек” як автомобили Ласеттиро тафтиш карданд.
Дар дохили автомобили шаҳрванд Н. С. ба арзиши беш аз 48 миллион сӯм доруҳои гуногун ва асбобҳои тиббӣ ҷойгир шуда буд. Кормандони гумрук дору ва асбобҳои тиббиро бо гувоҳии одамон ҳамчун далел гирифт.
Дар ҳоли ҳозир тафтишоти ин воқеа идома дорад.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ