Танкчиёни Ӯзбекистон дар бозиҳои байналмилалии «АрМИ-2020» иштирок мекунанд

Танкчиёни Ӯзбекистон дар бозиҳои байналмилалии «АрМИ-2020» иштирок мекунанд

Аз 23-юми август то 5-уми сентябр дар доираи Бозиҳои VI-уми байналмилалии артишӣ «АрМИ-2020» озмуни «Биатлони танкӣ» баргузор мегардад. Дар ин озмун танкчиёни Ӯзбекистон низ иштирок мекунанд.
Зимни баргузории ин озмун, пурзӯртарин экипажи танкӣ муайян карда мешавад.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии биатлони танкии Русия, хусусияти Бозиҳои дарпешистода, дар муқоиса бо бозиҳои қаблӣ дар ин аст, ки онҳо бо Ҳамоиши VI-уми байналмилалии ҳарбӣ-техникии «АрМИ-2020» аз 23 то 29 август якҷо баргузор мешаванд.
Ифтитоҳи бозиҳои байналмилалии артиши «АрМИ-2020» 23-юми август сурат мегирад.
Дар биатлони танкӣ имсол беш аз 200 танкчӣ аз 16 кишвар (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Конго, Чин, Ветнам, Лаос, Мянма, Сербия,) иштирок хоҳанд кард.
Бори аввал дар он дастаи мунтахаби Қатар ширкат меварзад.
Аз рӯи натиҷаҳои ҳунарнамоиҳо дар соли 2019 — 16 даста ба ду дивизион тақсим шуда буданд. Ба дивизиони аввал дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Сербия, Ӯзбекистон ва дар дивизиони дуввум дастаҳои мунтахаби Абхазия, Ветнам, Қатар, Конго, Лаос, Мянма, Тоҷикистон, Осетияи Ҷанубӣ шомил гардиданд.
Дар марҳилаи аввал — «Пойгаи инфиродӣ» аз 23-юми то 30-юми август беҳтарин экипажи танкӣ, аз 1-уми сентябр то 2-юми сентябр дар эстафетаи нимфиналӣ чаҳор дастаи мунтахаби беҳтарин (аз рӯи вақт), 4-уми сентябр беҳтарин дастаи мунтахаби дивизиони дуюм ва 5 сентябр, дар рӯзи пӯшидашавии “АрМИ-2020” — ғолиби озмуни “Биатлони танкӣ” муайян карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ