Хулосаи олимон: коронавируси навъи COVID — 19 ҳашт сол пеш пайдо шудааст

Хулосаи олимон: коронавируси навъи COVID — 19 ҳашт сол пеш пайдо шудааст

  • Post category:Ҷаҳон

Ба гуфти пажӯҳишгарони аврупоӣ, коронавируси COVID — 19 нахустин бор дар бадани шахтёрҳои чинӣ ҳанӯз дар соли 2012 сабт шуда буд.
Вирусшинос Ҷонатана Латэма ва биолог Эллисон Уилсон, пайдоиши коронавируси SARS-CoV-2 — ро омӯхта, ба хулоса омаданд, ки ин навъи вирус на авохири соли гузашта, балки пештар пайдо шудааст, хабар медиҳад The Sun.
Олимон дастнависи пизишкеро омӯхтанд, ки ба табобати шахтёрҳои музофоти Юннан машғул буд. Ин коргарон дар давоми ду ҳафта шахтаро аз партови кӯршаббапаракҳо тоза кардаанд.
Аҷибаш ин аст, ки дар дастнависҳои пизишки чинӣ ҳамаи аломатҳои COVID — 19 сабт шудаанд: илтиҳоби шуш, сулфаи хушк, дарди буғумҳо ва ҳарорати баланд.
Аз шаш шахтёре, ки ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст буданд, танҳо се нафарашон зинда монданд.
Ташхиси онҳо ба озмоишгоҳи шаҳри Ухан фиристода шудааст. Он ҷо олимон муайян кардаанд, ки коргарон ба коронавирус мубтало шудаанд.
Олимон хулоса карданд, ки коронавируси навъи COVID — 19 эҳтимолан пештар пайдо шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ