Оё ба онҳое, ки баъди қимат шудани нархҳо дар моҳи март автомобил хариданд, як қисми пулашонро бармегардонанд?

Оё ба онҳое, ки баъди қимат шудани нархҳо дар моҳи март автомобил хариданд, як қисми пулашонро бармегардонанд?


Кумитаи мубориза бо монополияи Ӯзбекистон имрӯз идомаи парвандаи вайроншавии қонуни “Дар бораи рақобат” аз сӯи ширкати UzAuto Motors-ро баррасӣ кард.
Ба гуфтаи Дониёр Ғаниев, намояндаи маҷлиси қонунгузории Олий Маҷлис, дар натиҷаи тафтишоти комиссияи махсуси кумита беасос афзоиш ёфтани нархи автомобилҳо тасдиқ шуд. Гуфта мешавад, ки нархи автомобилҳо беасос аз 3 то 19 миллион сӯм афзоиш ёфтааст.
Кумита дастур дод, то ширкати UzAuto Motors нархҳои беасос азфзудаи автомобилҳоро бо нархҳои собиқашон иваз кунад. Ҳамчунин, бино ба дастури кумита ба муштариёне, ки аз моҳи март то ба имрӯз автомобилро бо нархи баланди беасос харид кардаанд, пули барзиёд пардохт кардаашон баргардонда шавад.
Ғаниев мегӯяд, ки иҷрои қарори комиссия маҷбурӣ аст. Аммо, агар ширкати UzAuto Motors аз қарор норизо бошад метавонад ба додгоҳ (суд) шикоят кунад ва ин ҷараён идома ёбад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ