Ӯзбекистон нахустин бор барои нобиноён китобҳои дарсии синфи 10 ва 11 чоп мекунад

Ӯзбекистон нахустин бор барои нобиноён китобҳои дарсии синфи 10 ва 11 чоп мекунад


Нахустин бор дар Ӯзбекистон барои донишомӯзони нобинои синфҳои 10 ва 11 китобҳои дарсӣ чоп мешавад. Дар ин бора ӮзА хабар дод.
Гуфта мешавад, ки барои соли таҳсили 2020-2021 барои донишомӯзони нобино риштаҳои таълими махсус 160 гунаи китобҳои дарсӣ чоп мешавад. Қабл аз ин дар кишвар ягон бор ба чунин ҳаҷм китобҳои дарсӣ барои нобиноён чоп нашуда буд.
Пеш аз ин дар китобҳои дарсии Брайл расмҳо бо калимаҳо ифода мешавад. Имсол ин китобҳо бо расму харитаҳои барҷаста аз коғаз чоп мегардад.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ