Ниҳоят Неймар ва “ПСҶ” ба финали Лигаи қаҳрамонони Аврупо расиданд


Шаби гузашта дар Лиссабон нахустин бозии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо баргузор шуд. Дар ин рақобат “Лейпсиг”-и Олмон бо “ПСҶ”-и Фаронса рӯбарӯ гардид. Бозӣ бо натиҷаи 3 бар 0 бо ғалабаи Неймар ва дӯстони ӯ ба поён расид. Маркиниос, Ди Мария ва Бернат голҳои парижиҳоро ба самар расонданд. Акнун “ПСҶ” нахустин бор дар финали мусобиқаи мӯътабартарини клубҳои Аврупо иштирок хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки Томас Тухел ва Юлиан Нагелсман, сармураббиёни “ПСҶ” ва “Лейпсиг” устоду шогирд мебошанд. Нагелсман, ки дар давраҳои ҳаштякниҳоӣ ва чорякниҳоии мусобиқа мураббиёни номдори ҷаҳон – Жозе Моуринио ва Диего Симионеро мағлуб карда буд, натавонист ба устоди худ “сюрприз” нишон диҳад.
Имшаб дувумин рақобати ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонон бо иштироки “Бавария” ва “Лион” баргузор мегардад. Ин бозӣ ба вақти Самарқанд соати 00.00 оғоз мешавад.
Умед Фарҳодзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ