Коршиносон: дар ояндаи наздик мавҷи сеюм ва чоруми паҳншавии коронавирус ба назар хоҳад расид

Коршиносон: дар ояндаи наздик мавҷи сеюм ва чоруми паҳншавии коронавирус ба назар хоҳад расид

  • Post category:Ҷаҳон

Сироятшиносони ҷопонӣ дар ҳамоиш гуфтанд, Ҷопон мавҷи дуюми густариши COVID — 19 — ро аз сар мегузаронад, хабар медиҳад NHK.
«Ҳоло мо дар миёнаҳои мавҷи дуюм қарор дорем. Ҳам кишвар ва ҳам Токиё авҷи густариши вирусро паси сар карда истодаанд, вале бояд дар назар дошт, ки мавҷи нав мешавад?», — изҳор дошт раҳбари Ҷамъияти сироятшиносон Кадзухиро Татэда дар телевизион.
Коршинос афзуд, ки дар ояндаи наздик мавҷи сеюм ва чоруми паҳншавии коронавирус ба назар хоҳад расид.
Сироятшиносони ҷопонӣ ба хулосаи нохушоянд расиданд: чанд вақт дар оянадаи наздик инсоният маҷбур мешавад дар шароити ҳамагирии коронавирус ба сар барад.
Ҳамоиши сироятшиносон то 21 август давом карда дар он 3 ҳазор кас ширкат мекунанд ва аз методҳои навтарини табобат ва озмоиши короанвирус нав хабар медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ