Дар 10 рӯзи охир шифоёбӣ аз коронавирус 16 дарсад афзоиш ёфт

Дар 10 рӯзи охир шифоёбӣ аз коронавирус 16 дарсад афзоиш ёфт


Рӯзи 19 август дар Ӯзбекистон 594 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.
Дар ин рӯз дар шаҳри Тошканд 5 нафар бемор вафот кард.
Ҳамчунин, дар сартосари кишвар 721 нафар бемор шифо ёфтанд.
Дар ҳоли ҳозир шумори шифоёфтагон ба 32 944 нафар расидааст. Дар 10 рӯзи охир омори (статистика) шифоёбӣ аз коронавирус аз 72 то 88 дарсад афзоиш ёфт.
Ҳоло дар бемористонҳо 3 920 нафар муолиҷа мегиранд. Вазъияти саломатии 330 нафар аз онҳо вазнин, 96 нафар хеле вазнин аст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ