Мансабдорон дар ним сол 35 миллион сӯм ҷарима пардохт карданд


Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон 2584-то тадбири назорати молиявӣ баргузор шуд. Дар ин бора маркази “Тараққиёт стратегияси” хабар дод.
Дар 2010-тои ин тадбирҳо дар муассисаҳои давлатӣ чандин ҳолати вайрон шудани интизоми будҷа, камомади пул ва захираҳои моддӣ муайян шуд, ки дар натиҷаи он 81,7 миллиард сӯм ба будҷа зарар расидааст.
Дар айни ҳол 57,4 миллиард сӯм маблағи ноқонунӣ сарфшуда ба будҷа баргардонда шудааст.
Аз 47 нафар раҳбар ва мансабдори муассисаҳои давлатие, ки қонуншиканиҳо рух додааст, дар умум 35 миллион сӯм ҷарима ситонда шуд.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ