“Бавария” бори 11-ум ба финали Лигаи қаҳрамонони Аврупо расид

“Бавария” бори 11-ум ба финали Лигаи қаҳрамонони Аврупо расид

  • Post category:Варзиш


Мавсими навбати Лигаи қаҳрамонони Аврупо ба зудӣ ба поёни худ мерасад. Шаби гузашта дар рақобати “Бавария” (Олмон) ва “Лион” (Фаронса) дувумин иштироккунанда дар финали ин мусобиқа муайян шуд. Бозӣ бо натиҷаи 3 бар 0 бо ғалабаи футболбозони Мюнхен анҷом ёфт. Серж Гнабри дар қисми аввали бозӣ ду бор дарвозаи “Лион”-ро ишғол кард. Роберт Левандовский дар дақиқаи 88-ум натиҷаро 3-0 кард. Ин понздаҳумин голи Левандовский дар мусобиқа аст.
Бо ин ҳол, “Бавария” 11-ум бор ба финали лигаи қаҳрамонони Аврупо роҳ ёфт. Клуб солҳои 1974, 1975, 1976.ю 2001 ва 2013 ғолиби ин мусобиқа шуда ва солҳои 1982, 1999, 2010 ва 2012 да финал шикаст хӯрдааст.
Бозии ниҳоии лигаи қаҳрамонон рӯзи 23 август дар варзишгоҳи “Эштадиу да Луш”-и Лиссабон дар миёни “Бавария” ва “ПСҶ” баргузор мешавад.
Умед Фарҳодзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ