Нахустин ҷоизадорони Нобел киҳо буданд?

Нахустин ҷоизадорони Нобел киҳо буданд?

Наздик 120 сол мешавад, ки ҷоизаи Нобел ҳар сол ба олимоне, ки ихтироъ ё кашфиётҳои бузургеро анҷом додаанд ё ба нависандагоне, ки тавассути асарҳои оламшумули худ машҳур гаштаанд, тақдим карда мешавад.
Кимёгар, муҳандис ва ихтироъгари машҳур Алфред Нобел ҳамаи сарвати худро бо шарофати ихтирои динамит ва дигар моддаҳои тарканда соҳиб шудааст. Дар замони хеш Нобел яке аз сарватмандтарини инсони сайёра ба шумор мерафт.
Ҳамаи ин шуҳрате, ки олим сазовор гашта буд, барои дар таърих номи нек гузоштани ӯ камӣ мекард.
Соли 1888 бародари вай Людвиг мемирад. Лекин рӯзноманигорон иштибоҳан дар рӯзномаҳо дар бораи марги худи Алфред Нобел хабар медиҳанд. Дар яке аз рӯзномаҳо, ки худи Алфред Нобел онро мутолиа мекард, сарлавҳаи мақолае чунин буд: «Савдогари (паҳнкунандаи) марг фавт намуд».
Баъди мутолиаи ин мақола олим ба фикр фурӯ рафт, ки насли оянда ӯро чӣ хел ба хотир меоранд. Ва Алфред васиятномаашро тағйир медиҳад. Васиятномаи нав баъди марги олим соли 1897 кушода хонда шуд.
Мувофиқи васиятнома тамоми молу мулки Алфред Нобел дар шакли капитал ба як бонки боэътимод гузошта мешуд. Даромади ин капиталро ҳамасола ба панҷ қисм баробар тақсим карда, ба олимоне, ки ихтироъ ё кашфиётҳои бузурге дар соҳаи илмҳои физика, кимё, тиб ва ҳамчунин ба нависандагоне, ки асарҳои адабии беҳтарин офаридаанд ва боз ин ҷоиза барои шахсоне, ки барои ба даст овардани сулҳ мубориза бурдаанд, тақдим карда мешуд.
Аз рӯӣ анъана мукофот аввал ба олимони физик супорида мешавад. Нахустин шахсе, ки ин ҷоизаро соли 1901 соҳиб гашт, Вилгелм Рентген буд. Вай ҷоизаи мазкурро барои кашфи нурҳои рентгенӣ соҳиб шуд. Баъди ӯ ҷоиза дар соҳаи тиб ба бактериологи олмонӣ Эмил Адолф фон Беринг, ки ваксинаи зидди дифтерияро ёфта буд, супорида шуд.
Якоб Вант-Гоф, ки қонунҳои термодинамика барои маҳулулҳои гуногунро муайян карда буд, нахустин кимёгарест, ки ҷоизаи Нобелро сазовор гардид.
Якумин нависандае, ки ин ҷоизаи бузургро соҳиб шуд, Рене Сюлли – Прюдом мебошад.
Ҷоиза барои ба даст овардани сулҳ соли 1901 супурда шуда, маблағи мукофот ба Жан Анри Дюнан, асосгузори Салиби сурх ва Фредерик Пасси тақсим карда мешавад.

Тарҷимаи Озод ҲОДИЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ