Ӯзбекистон дар 7 моҳ 610,6 ҳазор тонна бензин истеҳсол кард


Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон 610,6 ҳазор тонна бензин истеҳсол шуд. Дар ин бора кумитаи омори (статистика) давлатӣ хабар дод.
Ҳаҷми истеҳсоли бензин дар муқоиса бо ҳафт моҳи соли гузашта беш аз 15 ҳазор тонна афзоиш ёфт. Соли 2019 дар ҳамин муддат 595,1 ҳазор тонна бензин истеҳсол шуда буд.
Дар моҳҳои январ-июл ҳаҷми истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ 580,4 ҳазор тонна буд. Ҳаҷми тавлиди ин навъи сӯзишворӣ дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 46 ҳазор тонна кам шуд.
Ҳамчунин, дар ин давр дар Ӯзбекистон 422 ҳазор тонна нафт ва 28,9 миллиард куб гази табиӣ истеҳсол шуд. Истеҳсоли нафт дар муқоиса бо соли гузашта зиёдтар шуд, истеҳсоли гази табиӣ коҳиш ёфт.
Ҳаҷми истеҳсоли конденсати газ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ беш аз 835,6 ҳазор тонна буд. Дар ҳафт моҳи соли гузашта конденсати газ 1,22 миллион тонна истеҳсол шуда буд.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ