Дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус аз 22,5 миллион нафар афзуд

Дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус аз 22,5 миллион нафар афзуд

  • Post category:Саломатӣ

Дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сироятёбӣ ба коронавируси нав зиёда аз 22,5 миллион нафар гардид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки дар асоси иттилои мақомоти федералӣ, маҳаллӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ҳисоб менамояд, хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти СУТ, то соати 09:00-и 20 август ба вақти Душанбе, дар ҷаҳон 22 579 141 нафар сироят ёфта, 791 002 нафар гирифторон вафот кардаанд.
Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ (5 700 931) дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд. Баъдан Бразилия (3 460 413) ва Ҳиндустон (2 835 822) қарор доранд. Дар Россия, ки аз рӯи шумораи гирифторон дар ҷаҳон дар ҷои чорум мебошад, 937 321 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 749 423 нафар шифо ёфтаанд ва 15 989 нафар фавтиданд.
Беморӣ, ки барангезандаи он коронавируси нав мебошад, охири соли 2019 дар Чини Марказӣ хуруҷ кард ва баъдан ба аксар кишварҳо паҳн гардида, 11 март аз ҷониби СУТ ҳамчун пандемия эътироф шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ