Дар мактабҳои Туркманистон биноҳо пеш аз дарс ва пас аз онбо ҳазориспанд дуд карда мешавад

Дар мактабҳои Туркманистон биноҳо пеш аз дарс ва пас аз онбо ҳазориспанд дуд карда мешавад

  • Post category:Ҷаҳон

Дар мактабҳои Туркманистон, аз 1-уми сентябр тамоми биноҳо пеш аз дарс ва пас аз он, инчунин ҳангоми танаффуси калон бо бо ҳазориспанд дуд карда мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи туркмании Arzuw NEWS бо истинод ба вазири маорифи Туркманистон, қоидаҳои нав оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мактабҳои Туркманистон аз 1-уми сентябр ҷорӣ карда мешаванд.
«Тибқи ин санад, соли хониш дар кишвар маъмулан, 1 сентябр оғоз меёбад, аммо бо назардошти вазъи мавҷуда вобаста ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, қоидаҳои нав ҷорӣ карда мешаванд», — омадааст дар хабар.
Ҳамин тариқ, муассисаҳои таълимӣ бояд дар як ҳафта як маротиба корҳои санитарӣ-гигиенӣ ва дезинфексия гузаронанд. Дар даромадгоҳ ба мактабҳо муаллимони навбатдор муҳассилин ва кормандонро пешвоз гирифта, таби онҳоро месанҷанд ва назорат мекунанд, хонандагон бо маводҳои безараргардонӣ дастҳояшонро тоза ва ба бинниҳояшонро малҳами оксолинӣ кунанд.
«Параграфи алоҳида дар дастурҳо безараргардонии биноҳоро пеш аз дарс ва баъд аз он, инчунин ҳангоми танаффуси калон бо дуди ҳазориспанд пешбинӣ кардааст. Пас аз ҳар баст, инчунин бояд корҳои безараргардонӣ муқаррар карда шавад», гуфта мешавад дар хабар.
Инчунин қайд шудааст, ки мувофиқи дастурҳо дар ҳар як синф шумораи хонандагон набояд аз 10-15 нафар зиёд бошад, бинобар ин ба нақша гирифтани синфҳо бо шумораи зиёди хонандагон пешбинӣ шудааст.
Давомнокии дарсҳо инчунин бо назардошти синну соли донишҷӯён ислоҳ карда шуд. Ҳамин тавр, барои хонандагони синфи якум ҳар дарс 25 дақиқа, дар синфҳои 2-4 — 30 дақиқа ва дар синфҳои 5-11 — 35 дақиқа идома меёбад. Танаффусҳо пас аз ҳар дарс 10 дақиқа ва танаффуси калон 20 дақиқа мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ