Беш аз 2 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон дар хориҷа кор мекунанд

Беш аз 2 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон дар хориҷа кор мекунанд


Дар ҳоли ҳозир 2 040 870 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ муҳоҷири корӣ ҳастанд. 992 610 нафари онҳо ба сурати расмӣ бо кор банд шудаанд. 1 048 260 нафар муҳоҷири ғайрирасмӣ ҳастанд. Дар ин бора дар ҷамъомади “Халқаро пресс-клуб” маълумот дода шуд.
Дар Русия шумори муҳоҷирони ӯзбекистонӣ 1 562 238 нафар буда, 656 266 нафари онҳо мақоми муҳоҷири расмӣ доранд.
Шумори ӯзбекистониёне, ки дар Қазоқистон кор меккунанд, 240 556 нафар аст. 192 300 нафари онҳо муҳоҷири расмӣ мебошанд.
Дар Кореяи Ҷанубӣ 71 325 нафар муҳоҷири корӣ аз Ӯзбекистон ҳузур доранд. 39 874 нафари онҳо мақоми расмӣ доранд.
Муҳоҷирони кории ӯзбекистонӣ дар Туркия 43 178 нафар мебошанд. 9 944 тан аз онҳо ба сурати расмӣ муҳоҷиранд.
Дар Амороти муттаҳидаи араб 120 ҳазор нафар ӯзбекистонӣ кор мекунанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ