Русия ва Ӯзбекистон дар бораи муҳоҷирони корӣ тавофуқнома имзо мекунанд

Русия ва Ӯзбекистон дар бораи муҳоҷирони корӣ тавофуқнома имзо мекунанд

  • Post category:Ҷаҳон


Намояндагони ҳукуматҳои Русия ва Ӯзбекистон мехоҳанд дар бораи роҳандозии фаъолияти кории муҳоҷирон тавофуқнома имзо кунанд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.
Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии кишварамон рӯзи 19 август бо Алексей Оверчук, намояндаи ҳукумати Русия мулоқот кард.
Дар мулоқот эҷоди шароит барои муҳоҷирони ӯзбекистонӣ дар Русия баррасӣ шуд. Тарафҳо имкони зудтар имзо кардани тавофуқнома дар ин заминаро низ баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 август вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон бо вазорати саноат ва тиҷорати Русия ёддошти (меморандум) ҳамкориро имзо карданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ