Стратегияи миллии рушди статистика тасдиқ гардид

Стратегияи миллии рушди статистика тасдиқ гардид

Бо назардошти вазифаҳои дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи ҳаракатҳо оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» муайяншуда, инчунин, бо мақсади такмилдиҳии сохтори миллии статистика, таъмини озодии мақомоти давлатии омор, афзунсозии шаффофият ва боваринокии маълумотҳои статистикӣ қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам такмилдиҳӣ ва ривоҷдиҳии сохтори миллии статистикаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» имзо гардид.
Дар асоси қарори мазкур самтҳои устувори такмилдиҳии сохтори миллии статистикаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон муқарар карда шуд. Бояд гуфт, ки ташаккули маълумотҳои дакик ва эътимодбахш аз тарафи мақомоти статистика, афзунсозии сатҳи дақиқӣ ва ошкороии маълумотҳои оморӣ, аз ҷумлаи чунин самтҳои муҳим ба шумор меравад.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳими қарор дар он аст, ки минбаъд Кумитаи давлатии статистика ваколатҳои худро доир ба ташаккули статистикаи расмӣ новобаста аз тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ба таври мустақил амалӣ месозад. Маълумотҳои оморие, ки аз тарафи кумита тартиб дода шудааст, ба сифати ахбори расмии статистикӣ эълон карда мешавад. Яъне, барои дахл кардан ба фаъолияти қонунии мақомоти статистика иҷозат дода намешавад.
Минбаъд Садоратҳои статистикаи ҳудудӣ, шӯъбаҳои шаҳриву ноҳиявии онҳо танҳо ба Кумитаи давлатии статистика итоат мекунанд.
Акнун ташкилотҳои оморӣ ба мақомоти давлатии ҳокимият ҳисобот намедиҳанд.
Боиси эътироф аст, ки дар асоси қарори мазкур Стратегияи миллии рушди статистикаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2025, инчунин аз рӯйи татбиқи он «Харитаи роҳ» тасдиқ гардид.
Инчунин, дар назди Кумитаи давлатии статистика Шӯрои ҷамотаӣ ташкил мегардад. Шӯрои мазкур мақомоти маслиҳатӣ ба шумор рафта, доир ба такмил додани фаъолияти кумита ва қонеъ сохтани эҳтиёҷи истифодабарандагон ба маълумоти расмии статистикӣ пешниҳодҳои худро баён месозад. Ғайр аз ин, шаффофият, ошкороӣ ва қулай будани маълумотҳои омориро таъмин намуда, барои ташаккули статистикаи муҳим, босифат ва боваринок ёрӣ мерасонад.
Бояд гуфт, ки имзо гардидани ин қарор барои ба зинаи нав баромадани фаъолияти мақомоти статистикӣ, ба мардум расонидани маълумотҳои амиқу беғалат ва рушди мамлакат хизмат мекунад.

Ҷӯрабек ХӮҶАЕВ,
сарвари шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Садорати статитикаи вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ