Дар Норвегия чӣ гап?

Дар Норвегия чӣ гап?

  • Post category:Ҷаҳон

Киштиҳои зериобии ҳастаӣ, истгоҳҳои тавонманди радарӣ, размоишҳои бузург ва амалиёти кашшофии НАТО дар шимоли Аврупо фаъолтар шудаанд.
Николай Протопопов. Ба ақидаи Вазорати умури хориҷии Русия, Эътилоф ҳадафмандона Норвегияро бо нерӯҳои низомӣ фаро гирифта истодааст. Ин кор чун дар дигар кишварҳои Аврупо бо баҳонаи «таҳдиди Русия» амалӣ мешавад. Дар бораи он, ки оё шоҳигарии Скандинавия барои эътилоф ба Лаҳистони дигаре табдил меёбад, РИА Новости матлабе таҳия кардааст.
Фаъолии ғайримуқаррарӣ
Аз сухан дар бораи зарурати таҳкими ҳузури низомӣ дар Норвегия, НАТО ба амал гузашта истодааст. Ба таври назаррасӣ теъдоди тамринҳои низомии киштиҳои эътилоф бо иштироки нерӯҳои обии Норвеж дар баҳрҳои Баренс ва Норвегия афзоиш ёфтаанд. Хадамоти кашшофии эътилоф низ дар минтақа густариш ёфта истодааст, дар наздикиҳои марзи Русия дар Арктика киштиҳои кашшофии нерӯҳои Норвегия ҷой гирифтаанд ва аз пойгоҳҳои ин кишвар барои дидбонӣ, ҳавопаймоҳои Poseidon-и ИМА парвоз мекунанд. Осло ва Вашингтон созишнома дар бораи ҳузури нерӯҳои хушкигарди баҳрии ИМА-ро тамдид карда, теъдоди ҳайаташонро ду баробар зиёд намуданд.
Соли 2018-ум дар Норвегия бузургтарин размоиши НАТО зери унвони Trident Juncture баргузор шуда буд. Ҳудуди 50 ҳазор низомӣ мудофиаи муштаракро дар сурати ҳамлаи душмани шартӣ тамрин карданд. Дар майдони тамрин ҳудуди 65 киштии низомӣ, аз ҷумла киштии ҳавопаймобари амрикоӣ «Гарри Трумен» сафарбар шуданд, ки бори аввал баъди аноҷоми ҷанги сард дар баҳри Норвеж истифода шуда буд.
Дар Норвегияи шимолӣ НАТО низоми радарии огоҳкунанда дар бораи ҳамлаи мушакҳо зери унвони “Глобус 3”-ро насб карда истодааст. Сохтмон дар ҷазираи Вардё, дар чанд даҳкилометрии марзи Русия идома дорад. Бо кумаки ин истгоҳи радиолокатсионӣ “натоӣ”-ҳо метавонанд, озмоиши силоҳи мушакии Русия, масири ҳаракати киштиҳои Нерӯҳои баҳрии шимол ва навоҳии дохилии “ҳарифи шартӣ”-ро назорат кунанд. Инчунин фурудгоҳҳои низомии Бардуфосс, Эвенес, Банак, Эрлан, Рюгге ва инчунин бандари Гротсунд барои қабули киштиҳои зериобии амрикоӣ бозсозию муҷаҳҳаз шуда истодаанд.
ВУХ Русия борҳо изҳор дошт, ки иқдоми НАТО дар шимоли Аврупо ба низомисозии Арктика мусоидат карда истодааст. Махсусан парвозҳои эътилоф бо ҳадафи кашшофӣ ташвишоваранд. Дер боз гузоришҳои Вазорати дифои Русия дар бораи парвозҳои ҳавопаймоҳои ҷосусии амрикоӣ дар наздикии марз маъмулӣ шудаанд. Ҳар бор зарур меояд, ки ба фазо ҳавопаймоҳои қиркунанда парвоз кунанд, то онҳоро аз фазои дохилии ҳавоӣ дур кунанд.
Ҳафтае пеш МиГ-31 ҳавопаймои «Посейдон» дар фосилаи таҳдидовар ба марз боздошт. Рӯзи 4 август дастгоҳҳои назорати фазоӣ дар баҳри Баренс ҳавопаймои ҷосуси радиотехникии Falcon 20-ро сабт карданд, ки онро низ бо кумаки ҳавопаймои қиркунанда баргардонданд.
Пойгоҳи шимолии НАТО
Константин Сивков, доктори илмҳои низомӣ дар суҳбат бо РИА Новости таъкид кард, ки то ҳол Осло талош дорад, ки аз маъракаҳои НАТО фосилагирӣ кунад, аммо бо мурури замин ин кор мушкилтар шудааст.
«Дар сурати тағйири ҳокимият дар кишвар ҳар чӣ шудан имкон дорад, аз ҷумла зуҳури пойгоҳҳои низомии амрикоӣ. Норвегия аллакай ҷузъҳои низомии амрикоиро барои размоишҳо пазируфт, киштиҳои зериобиро дар пойгоҳҳояш қабул мекунад. Самтгирӣ сӯи низомисозӣ аён аст. Маълум нест, ки вазъ чӣ гуна тағйир меёбад. Аммо рӯшан аст, ки бо мурури шиддат ёфтани вазъи низомию сиёсӣ Осло ба фишори Вашингтон гузаштҳо хоҳад кард. Аз ҷумла барои он, ки дар пазманзари муборизаи мунтазираи шадид барои Арктика норвежҳо ба пуштибонии амрикоиҳо умед доранд», — таъкид кард таҳлилгар.
Изҳороти Мартен Хаг Лунд , роҳбари хадамоти кашшофии хориҷии Норвегия, ки таҳдиди асосиро барои шоҳигарӣ Русия ва Чин хонд, далели ташаннуҷи сунъии вазъ барои пайдо кардани душмани хориҷӣ мебошад. Нигаронии махсусро мушакҳои ҷадиди дурпарвози Русия ба бор овардаанд. Инчунин мақомдори норвеж ба таҳкими пойгоҳи низомии Русия дар нимҷазираи Колск дар қисмати шимолии баҳри Баренс, размоиши Флоти шимол ва низомҳои муосири аслиҳа ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, инчунин маҷмӯаи мушакии байниқитъавии «Сармат» ва фаросадоии «Авангарда»-у «Кинжал» таҳдидоваранд.

Аҳолиро аз “таҳдиди Русия”, аз ҷумла тариқи телевизион метарсонанд, изҳор дошт коршиноси клуби таҳлилии “Валдай”, Артём Куреев.
«Элитаи сиёсии норвеж моиланд, ки дар симои Русия ҳамсояи хатарнок, ҳарифи эҳтимолиро бинанд. Ду мавсими силсилафилми маҳаллии “Истилло”, дар бораи забти кишвар аз ҷониби Русия бо хомӯшии ризокоронаи Иттиҳоди Аврупо низ як нишондиҳанда аст”, — таъкид кард коршинос.
Куреев зикр кард, ки баъди анҷоми ҷанги сард шоҳигарии шимол сиёсати мутақилонаеро дар шимоли Русия пеш мебурд. Аз ҷумла хадамоти махсуси норвеж бодиққат ҳолати нерӯҳои баҳрии шимолро пайгирӣ мекарданду ҳатто ҷудоихоҳии халқиятҳои хурдро пуштибонӣ менамуданд. Талош доштанд “корти помор”-ро ба бозӣ дароварда, аз вуҷуди халқияти алоҳидаи помор эълон кунанд, ки аз “империализми Русия” ҷабр дидаанд.
Нишастан дар ду курсӣ
Маврид ба зикр аст, ки Норвегия дар саргаҳи эътилофи Атлантикаи шимолӣ қарор дошта, ба ин блок соли 1949 шомил шуд, аммо таърихан мавқеъгирии эҳтиёткорона мекард, то муносибот бо Иттиҳоди Шӯравиро муташанниҷ насозад. Аз ҷумла дар Осло бунёди пойгоҳҳои низомиро дар замони осоишта рад карда, ҷой додани силоҳи ҳастаӣ ва мушакҳои миёнапарвозро дар кишвар рад карданд. Бо созишномаи алоҳида дар Норвегия танҳо чандсад хушкигардҳои баҳриро ҷой доданд.
Аммо аз ҳисоби ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, ин кишвари скандинавӣ барои НАТО ҳамеша аҳамияти стратегӣ дошт. Чун дар наздикиҳояш ягона роҳест, ки тавассути он киштиҳои зериобии шӯравӣ ва баъдан Русия бевосита вориди уқёни Атлантика мешуданд. Зиёда аз ин Норвегия ҷузъи калидии низоми мудофиаи ҳавоии эътилоф зери унвони NADGE — NATO Air Defence Ground Environment, мебошад. Аз ин ҷо садди истгоҳҳои радарие оғоз мегашт, ки тариқи тамоми Аврупо то Туркия тӯл мекашид.
“Назорат дар Норвегия ба НАТО имкон медод, ки дар сурати ҷанг роҳёбии киштиҳои зериобии шӯравиро ба Атлантика пешгирӣ намояд, ё кам кунад. Дар баробари ин Осло талош мекард, Маскавро дар сулҳдустӣ ва хусусияти мудофиавӣ доштани НАТО муътақид созаду, пойгоҳҳои эътилоф ва ИМА-ро ба қаламраваш роҳ намедод. Аммо ин ҳеч гоҳ монеа намешуд, ки бозмондаҳои викингҳо дар кишварашон размоиши густурдаи эътилофро қабул кунанду истгоҳҳои радарии пайгиркунандаро насб намоянд”, — тавзеҳ дод Куреев.
Ин кишвар дер боз паноҳгоҳи амн барои киштиҳои зериобии ИМА шудааст, ки ба дидбонии Атлантикаи шимолӣ машғул мебошанд. Дар ин ҷо фурудгоҳҳое фароҳам шудаанд, ки ба қабули “радарҳои парвозкунанда”-AWACS ва ҳавопаймоҳои ҷосус машғуланд. Дар ин ҷо пйгоҳҳои ҳавоӣ барои қабули техникаи НАТО, анборҳои зиёди аслиҳаи вазнин, ифрасохтори зарурӣ барои ҷой кардани нерӯҳои иттифоқчиён дар сурати зарурат ҷой доранд.
Аммо гуфтан, ки Норвегия ба Лаҳистони дуюм табдил меёбад, дуруст нест, чун Осло доктринаи мудофиавии худро дорад, таъкид кард коршинос.
“Аҳолӣ метавонад, ҷой додани сарбозони амрикоӣ дар кишварашонро манфӣ қабул кунад ва ин ҷо ҳеҷ филмҳои даҳшатафкан кумак намекунанд. Интихобкунандагон ин иқдомро ҳамчун оҷизӣ дар ҳимоя аз худ арзёбӣ кунад, ки ба суди ҳукуматдорон нест”, — таъкид кард ӯ.
Бо вуҷуди ин бисёре аз коршиносони пурсидаи РИА Новости бар инанд, ки солҳои наздик ҳузури амрикоиҳо дар шимоли Скандинавия зуд-зуд хоҳад шуд, ки ҳадафашон низ сулҳомез нахоҳад буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ