Дар Тоҷикистон теъдоди умумии қурбониёни коронавирус ба 66 нафар расид

Дар Тоҷикистон теъдоди умумии қурбониёни коронавирус ба 66 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашти як дардманди дигар аз коронавирус ҷон бохт.
Акнун теъдоди умумии қурбониёни ин маризӣ дарин кишвар ба 66 нафар баробар шудааст.
Гузашта аз ин, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз 37 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ сабт гардид. Шумораи умумии гирифторони COVID-19 ба 8203 нафар расидааст.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар ин мамлакат 7006 (85,4%) гирифторони коронавирус шифо ёфтанд.
«Шабонарӯзи охир 74 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 35 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд»,- таъкид мешавад дар хабар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ