Машварати августии анъанавии омӯзгорон ба тариқи онлайн баргузор гардид

Машварати августии анъанавии омӯзгорон ба тариқи онлайн баргузор гардид


Садорати таълими халқи вилоят аз сабаби дар мамлакат ҷорӣ будани маҳдудиятҳои карантинӣ машварати августии анъанавии омӯзгоронро ба тариқи онлайн гузаронд.
Дар машварати августӣ, ки пеш аз оғози соли хониши нави 2020-2021 таҳти шиори “Ту – манбаи қудрату маскани саодатӣ, Ӯзбекистони азизам!» гузаронида шуд, роҳбар-ходимони ҳокимияти вилоят, нозироти давлатии назорати сифати таълим, Садорати таълими халқи вилоят, сарварону мутахассисони шӯъбаҳо, сарварони шӯъбаҳои ҳудудии садорати таълими халқӣ, инчунин, директорҳои мактабҳои таълими умумӣ, методист ва педагогҳо иштирок карданд. Тадбирро ҷонишини аввали сарвари садорат Қӯлдош Саидов сарварӣ намуд.
Нахуст ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ба сухан баромада, пеш аз оғози соли хониши нав ба фаъолияти касбии пурмасъулият ва бошарафи кормандони таълими халқӣ бурдбориҳо таманно намуд. Дастовардҳои омӯзгорон ва хонандагони сохтори таълими халқи вилоятро эътироф карда, дар бораи имкониятҳое, ки барои дастгирии ҷавонони боистеъдод, рағбатноксозии устод-мураббиёни ботаҷриба, шароитҳое, ки барои муаллим ва толибилмони муассисаҳои таълими умумӣ фароҳам оварда шудааст, ҳарф зад.
Сарвари Садорати таълими халқи вилоят Саидаҳмад Усмонов дар бораи имконият ва имтиёзҳои барои кормандони соҳаи таълими халқӣ фароҳамгардида ҳарф зада, таъкид кард, ки ин ҳама ислоҳотҳои соҳа ба баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон дар ҷомеа, муҳайё кардани шароити хуби меҳнатӣ, афзунсозии малака ва таҷрибаи омӯзгорон нигаронида шудааст. Масъалаи донишу маҳорати худро такмил надодани аксари омӯзгорон ва дар натиҷаи ин паст гардидани сифати таълим танқид карда шуд.
Инчунин, аз тарафи Садорати таълими халқи вилоят бо дарназардошти муаммоҳои мавҷудаи соҳа вазифаҳое, ки дар соли хониши нав иҷро мегарданд, муқаррар гардид. Аз рӯйи оммавигардонии “Мусобиқаи омӯзгорон”, ки дар байни муаллимони фанҳо гузаронида мешавад, такмилдиҳии фаъолияти 42 мактаби такягоҳӣ, ки барои татбиқи тадқиқотҳои байналхалқии PISA, TIMSS, PIRLS муайян карда шудаанд, афзунсозии салоҳияти дониши муаллимон супоришҳо дода шуданд.
Дар доираи машварат камбудиҳои китобҳои дарсӣ ва роҳи ҳалли онҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон, масъалаҳои омодагии босамар ба барномаҳои байналхалқии баҳодиҳӣ низ баррасӣ гардид.
Хизмати ахбори Садорати таълими халқи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ