Сӣ фоизи маҳсулот – ба содирот

Сӣ фоизи маҳсулот – ба содирот

  • Post category:Иқтисод

Солҳои охир ҳукумати ҷумҳурияти мо барои фароҳам овардани имтиёзҳои андоз ва боҷхонае, ки барои инкишофи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ имконияти ҷалб кардани сармояҳои хориҷӣ ва маҳаллиро медиҳанд, корҳои васеъмиқёс амалӣ карда мешаванд.
Ҳоло ин имкониятҳои барои тадбиркорон фароҳамоварда самараи худро медиҳанд. Инро дар мисоли ҶММ «AGRO DRY FRUITS», ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» фаъолият пеш мебарад, дидан мумкин аст.
Корхона дар даври пандемия ба қоидаҳои карантин риоя карда, 280 нафар ходимро бо кор таъмин ва фаъолияташро шабу рӯз давом дод.
Ҷамъияти мазкур қувваи дар як сол истеҳсоли 24 миллион ҷуфт ҷӯробҳои тобистона ва зимистонаро дорад.
Ҳоло 30 фоизи маҳсулот ба содирот равона карда мешавад. Дар соли 2019 ин нишондиҳанда 95,38 ҳазор долларро ташкил кард. Соли равон бошад, 456 ҳазор долларина маҳсулот ба хориҷа фиристода шуд. Корхона мақсад дорад, ки дар оянда аз бозорҳои Россия бештар харидор ёбад. Дар корхона ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан корхона 70 фоизи ашёи хоми барои истеҳсолот заруриро аз Хитой меовард. Акнун ашёи хоми мазкурро дар худи корхона аз пахтаи маҳаллӣ тайёр мекунанд ва ҷӯробҳои хушсифатро пешкаши харидорон мегардонанд.
Ҳуҷҷатҳои маҳсулоти воридотӣ ва содиротии корхонаро ходимони пункти боҷхонаи минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» саривақтӣ расмӣ мекунанд.

Хизмати ахбори Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ