Дар Афғонистон ба кормандони ширкати Ӯзбекистон ҳамла карданд


Рӯзи 20 август дар вилояти Балхи Афғонистон шахсони номаълум ба кормандони ширкати “Суғдиёна транс”-и вобаста ба “Ӯзбекистон темир йӯллари” ҳамла карданд.
Бино ба хабари маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Абдулазиз Комилов ва Ҳаниф Атмар, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар рӯзи гузашта ҳамин ҳодисаро дар мулоқоти телефонӣ баррасӣ карданд.
Ҳаниф Атмар гуфтааст, ки ин ҳодиса дар Афғонистон ҳоло омӯхта ва тафтиш мешавад, масъулони ҳамла дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.
Комилов дар мулоқот аз ҳамсӯҳбати худ дархост кардааст, ки амнияти кормандони ширкату корхонаҳои Ӯзбекистон дар Афғонистон таъмин гардад.

Тарафҳо дар мулоқот ташрифи ояндаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Ӯзбекистон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиро низ баррасӣ карданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ