Вазири тандурустии Ӯзбекистон комилан шифо ёфт ва ба кор баргашт


Алишер Шодмонов, вазири ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон комилан шифо ёфт. Дар ин бора маркази матбуотии вазорат хабар дод.
Рӯзи 30 июл расонаҳои хабарӣ дар бораи бемор шудани Шодмонов хабар дода буданд. Ӯ дар маркази тиббии илмӣ-амалии кардиологияи ҷумҳурӣ чанд муддат бистарӣ буд. Шифокорон гуфта буданд, ки вазъияти саломатии вазир барқарор аст ва муолиҷа бар асоси реҷа баргузор мешавад.
Беҳзод Мусаев, муъовини масъалаҳои иҷтимоии Шодмонов дар ин муддат муваққатан вазифаи вазири тандурустиро иҷро кард. Ҳоло худи Шодмонов вазифаашро идома медиҳад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ