Дар Самара беш аз 400 ӯзбекистонӣ барои бозгашт ба ватан ҷамъ шуданд

Дар Самара беш аз 400 ӯзбекистонӣ барои бозгашт ба ватан ҷамъ шуданд

  • Post category:Ҷаҳон


Беш аз 400 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия кор мекунанд, ба умеди бозгашт ба ватан дар вилояти Самара, ки бо Қазоқистон ҳамсарҳад аст, ҷамъ омаданд. Ин бор муҳоҷирон на дар назди сарҳад, балки дар истгоҳи Кинели роҳи оҳан ҷамъ мешаванд. Дар ин бора Интерфакс хабар дод.
Истгоҳи Кинел аз марзи Қазоқистон хеле дур аст. Муҳоҷирон аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба ин ҷо меоянд. Дар миёни муҳоҷирон овозае паҳн шудааст, ки онҳоро бо қатора аз ҳамин истгоҳ ба Ӯзбекистон бармегардонанд.
То ҳол шумори муҳоҷирони ҷамъшуда беш аз 400 нафар аст. Вале, дар бораи баргардондани онҳо ба ватан бо қатора маълумоти расмие нест. Баъзе расонаҳои хабарӣ навистаанд, ки таксиҳое, ки онҳоро ба истгоҳи роҳи оҳан меоваранд, низ шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Онҳо ваъда медиҳанд, ки ҳамватани худро ба қатора менишинонанд ва баъди гирифтани 20 ҳазор рубл аз пайи фиреби дигарон мешаванд.

Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ