Лукашенко: Бетартибиву бесуботӣ дар Белорус кори ИМА аст

Лукашенко: Бетартибиву бесуботӣ дар Белорус кори ИМА аст

  • Post category:Ҷаҳон


Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус дар суханронии худ назди кормандони ширкати “Дзержинский” гуфт, ки бесуботии вазъият дар Белорус кори Ғарб аст ва ҳоло он дар сарҳадҳои кишвар нерӯҳои мусаллаҳро ҷамъ кардааст.
Лукашенко гуфт, “Ин ҳамаро ИМА барномарезӣ мекунад ва мефиристад, аврупоиҳо ҳам шарики ин бозӣ ҳастанд… Ҳар чӣ гуфта шуд, ҳамонро иҷро мекунанд. Дар Варшава маркази махсус эҷод шудааст. Мо назорат мекунем, медонем, ки он бо чӣ машғул аст… Медонед, вақте дар наздикии шумо нооромӣ ҳукмфармо аст ва танкҳо ба ҳаракату ҳавопаймоҳо ба парвоз даромадаанд, инҳо тасодуфӣ нестанд”…
Ҳамчунин, Лукашенко коргаронеро, ки корпартоӣ мекунанд, танқид кард ва гуфт, “Корпартоӣ ҳамин аст – на машғули мурғпарварӣ ҳастӣ ва на машғули говпарварӣ”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ