Сафири тоҷик таъсиси Фарҳангистони забону адабиёти Тоҷикистон ва Эронро пешниҳод кард


Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангро ба таъсиси Фарҳангистони муштараки забон ва адабиёт даъват кард. Дар ин бора хабаргузории Регнум ба нақл аз Pars Today хабар дод.
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Қурбоналӣ Пурмарҷон, намояндаи Созмони фарҳангу робитаҳои исломии Эрон мулоқот кард.
Дар ин мулоқот тарафҳо ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ карданд. Зоҳидӣ гуфт, ки Эрону Тоҷикистон таърих, фарҳанг ва забони муштарак доранд.
Сафир дар раванди мулоқот пешниҳод кард, ки ду кишвар Фарҳангистони муштараки забон ва адабиётро таъсис диҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ