Рухсатномадиҳӣ ба довталабон оғоз шуд

Рухсатномадиҳӣ ба довталабон оғоз шуд


Маркази тести давлатӣ дар бораи оғози рухсатнома додан ба довталабон хабар дод.
Довталабон метавонанд аз кабинаи шахсӣ дар abitur.dtm.uz рухсатномаи худро бигиранд.
Маркази тести давлатӣ аз довталабон дархост кардааст, ки то поёни моҳи август рухсатномаи худро аз сайт бигиранд ва онро чоп кунанд.
Рухсатномаи довталаб ба нафароне, ки танҳо имтиҳони эҷодӣ месупоранд, дода намешавад.
Довталабон бе ин рухсатнома дар тест иштирок карда наметавонанд. Илова бар ин, довталаб ҳамроҳи рухсатнома шиносномаи худро низ дошта бошад. Агар довталаб шиноснома надошта бошад, рухсатномаи ӯ ҳақиқӣ эътироф намегардад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ