Содироти васеи ваксинаи зидди коронавируси Русия соли оянда оғоз меёбад

Содироти васеи ваксинаи зидди коронавируси Русия соли оянда оғоз меёбад

  • Post category:Ҷаҳон

Сардори Вазорати саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуров ба хабарнигорон гуфт, содироти васеи ваксинаҳои «Спутник V» -и Русия дар соли оянда оғоз меёбад.
Номбурда гуфтааст, ба таври объективӣ дар бораи содирот агар гӯем, ин эҳтимол аст баҳори соли оянда сурат бигирад.
Нуқтаи калидии ташкили содирот ба суръати истеҳсоли он вобаста аст, илова намуд Мантуров.
Инчунин, бисёр чиз аз ҳамкории муассисаҳои Русия бо ҳамкасбони хориҷӣ вобаста аст ва ҳоло ҳам бояд аз санҷиш гузарад, гуфт роҳбари Вазорати саноат ва тиҷорати Русия.
Қаблан раҳбари РФПИ Кирилл Дмитриев гуфт, ки ин фонд аз беш аз 20 кишвар дархостҳо барои хариди як миллиард дозаи ваксинаи аввали зидди коронавирусро қабул кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ