Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Дар рӯзҳои душвори зиндагӣ одамон якдигарро беҳтар мешиносанд, мегӯянд дар урфият. Даври пандемияи COVID‑19, ки дар тамоми дунё эълон карда шуд, душворӣ ва санҷиши сахти ба сари мардум омада нест. Дар чунин рӯзҳо аз ҳама беш пирони танҳо, ногиро ва оилаҳои бесаробону камтаъминшуда азият мекашанд. Вале Президенти мӯҳтараму ҳукумати мо бо фармону қарорҳои худ ранҷу азият кашидани ин гурӯҳи одамонро саривақтӣ пешгирӣ мекунанд. Дар ин кори хайр роҳбарони вилояту шаҳру секторҳо, тадбиркорону корхонаҳои мухталиф низ ҳиссаи арзанда мегузоранд. Мисол, дар маҳаллаи Мӯлиёни поён дар давоми пандемия ба чунин оила ва шахсон сари вақт ёрӣ расонда шуд. Ба 5 оила ба миқдори 1 миллион сӯм пул, ба 4 оила – 500 ҳазор сӯмӣ, ба 13 оила 220 ҳазор сӯмӣ ва ба 7 оила 20-тогӣ мурғ дода шуд.
9 нафар тадбиркорони маҳалла ва ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «Имзо», «Барака Маркет» ва «MACIST ToYS» ба қариб 30 оилаи бесаробону эҳтиёҷманд ва ногироҳо 20 маротиба 13 навъи хӯрокворӣ расонданд. Ба баъзе оилаҳо ду маротиба чунин маҷмӯи хӯрокворӣ дода шуд. ҶММ «Имзо» бошад ба 2 нафар ногиро аробачаҳои ногироӣ тӯҳфа кард.

Х.ОРТИҚОВ,
раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Мӯлиёни поён

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ