Тартиби иваз кардани баллонҳои гази маишӣ чӣ хел?

Тартиби иваз кардани баллонҳои гази маишӣ чӣ хел?

  • Post category:Ҷамъият

Бо мақсади таъмини бехавфии истифодаи баллонҳои гази моеъи маишӣ хизмати гузоштани баллонҳои гази моеъ ва аз санҷиш гузарондани онҳо ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд», шӯъбаи ривоҷдиҳии хизматҳои сервис дастурамали махсус таҳия карда, нархи гузоштани баллонҳои мазкурро муайян кард.
Акнун, барои автонақлиётҳое, ки барои истеъмолчиён баллонҳои гази маишӣ мекашонанд, аз рӯйи зарурат ба таври иловагӣ як нафарӣ ходим ҷалб карда мешавад. Онҳо дар ду самте, ки ба бехавфии истеъмолчиёни гази моеъ нигаронида шудааст, хизмати иловагӣ мерасонанд.
Аз ҷумла, ходиме, ки бехавфиро таъмин мекунад, пеш аз дар хонадони истеъмолчӣ гузоштани баллони гази маишӣ, роҷеъ ба бехатарии техникӣ маслиҳат медиҳад. Агар истеъмолчӣ эътироз кунад, баллони гази маишӣ гузошта намешавад.
Нархи хизматрасонии якмаротибаина ҳангоми иваз кардани баллонҳои гази маишӣ ва гузоштани он 3000 сӯм муайян гардидааст. Ғайр аз ин, дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 16-уми марти соли 2019 «Дар бораи тасдиқ кардани қоидаҳои бехавфӣ дар хоҷагиҳои газ» таҳти рақами 226 барои дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани баллони гази маишӣ, таъмини истифодаи дарозмуддати он дар асоси ҳамаи меъёрҳои техникӣ мувофиқи тарифҳои тасдиқкардаи таъмир ва аз санҷиш гузарондани баллонҳои гази маишӣ аз истеъмолчӣ ба воситаи паттаи махсуси пардохт дар панҷ сол як маротиба 67000 сӯм маблағ гирифта мешавад.
Истеъмолчӣ метавонад ҳар сол аз панҷ як қисми ин пардохтро супорад.
То ҳол корхонаи таъминотчӣ хароҷоти аз санҷиш гузарондани баллонҳои гази маишӣ ва корҳои таъмири онро медод.
Шӯъбаи ривоҷдиҳии хизматҳои сервиси филиали корхонаи таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд» сифати хизматҳои иҷрошаванда ва риояи пурра ба қоидаҳои бехавфиро назорат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки нархи 1-то баллони 20 кг. бо гази моеъ 22400 сӯм аст.

Хизмати матбуоти филиали корхонаи таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ