Ваксинаи зидди коронавирус Қазоқистон дар феҳристи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сабт шуд

Ваксинаи зидди коронавирус Қазоқистон дар феҳристи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сабт шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Асхат Аймагамбетов, вазири таълими Қазоқистон ба ваксинаи зидди коронавирус, ки дар инкишвар истеҳсол шуд, баҳо дод. Дар ин бора Tengrinews.kz хабар дод.
Аймагамбетов гуфт, “Ин, ки олимони мо тавонистанд салоҳияти худро нишон диҳанд, боиси хушнудист. Мо бо истеҳсоли ваксина аз сӯи ҳамкасбони худ ифтихор мекунем. Ваксинаи мо дар феҳристи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сабт шуд”.
Ба гуфтаи ӯ, озмоишҳои муқаддимотии ваксина натиҷаҳои хуб нишон додааст.
Чанде пеш Леспек Кутумбетов, доктори улуми байторӣ (ветеринария), ки ваксинаи зидди коронавируси Қазоқистонро сохтааст, гуфта буд, ки дар моҳи сентябр озмоиши ваксина дар одамон оғоз мешавад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ