Таъсиси шӯроҳои ҷамоатии зану духтарон мавқеи бонувонро дар ҷомеа боло мебарад

Таъсиси шӯроҳои ҷамоатии зану духтарон мавқеи бонувонро дар ҷомеа боло мебарад

  • Post category:Ҷамъият

Имрӯз занон дар соҳаҳои қонунбарорӣ, судӣ ва иҷроия, инчунин дар сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо дарки масъулият фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Занону духтарони кишвари мо аз он ифтихорманданд, ки дар аксар сӯҳбату вохӯриҳо Президенти мамлакат ба масъалаи беҳдошти вазъи иҷтимоии занон дахл карда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда барои фаъолияти онҳо таклифу пешниҳодҳои мушаххасу асоснок ба миён мегузоранд. Инчунин, аз тарафи сарвари мамлакат бо мақсади дастгирии зану духтарон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, таҳияи пешниҳодҳо доир ба афзунсозии мавқеъ ва фаъолии зан-­духтарон дар ҳаёти иҷтимоӣ-­сиёсии мамлакат як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ имзо гардидаанд.
Аз ҷумла, дар Фармони Президенти мамлакат аз 18-уми феврали соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои солимгардонии муҳити иҷтимоӣ-­маънавӣ дар ҷамъият, дастгирии институти маҳалла ва ба зинаи нав баровардани кор бо оила ва зану духтарон» ба ин масъала эътибор дода шуда, таъсиси Шӯроҳои ҷамоатии зану духтарон пешниҳод гардида буд. Инак, қарори Девони Вазирон аз 14-уми августи соли ҷорӣ «Дар бораи таъсиси Шӯроҳои ҷамоатии зану духтарон дар Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, инчунин, шаҳру ноҳияҳо» қабул карда шуд.
Дар асоси қарор низоми намунавӣ дар бораи Шӯроҳои ҷамоатии зану духтарон тасдиқ гардид, ки мувофиқи он Шӯроҳои зану духтарон фаъолияти худро дар асоси ҷамоатӣ пеш бурда, мақомоти маслиҳатии доимамалкунанда ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дастгирии ҳамаҷонибаи зану духтарон, боло бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа, омӯхтани муаммоҳои онҳо, дастгирии бонувони ниёзманд, ки вазъи душвори иқтисодӣ доранд, пешниҳоди ёрмандии саривақтии иҷтимоӣ-­ҳуқуқӣ, психологӣ ва моддӣ ба зан-­духтарони ногиро, ба тадбиркории оилавӣ ва ҳунармандӣ ҷалб кардани занони бекор аз вазифаҳои асосии Шӯроҳои ҷамоатии зан-­духтарон ба шумор меравад.
Дар қарори Девони Вазирон муқаррар карда шудааст, ки Шӯроҳои зану духтарон дар шаҳру ноҳияҳо аз 15-25 нафар ва дар вилоятҳо аз 30-40 нафар аъзо таркиб меёбад. Ҳайати онҳо дар ҳар се сол аз тарафи сарвари шӯъбаҳои ҳудудии Вазорати дастгирии маҳалла ва оила тасдиқ карда мешавад ва ҷонишини аввали сарвари шӯъбаҳои ҳудудӣ дар як вақт ӯҳдадории раисии Шӯроҳои ҷамоатии зану духтаронро иҷро мекунанд.
Ба туфайли пандемия дар як қатор кишварҳои олам вазъият хеле ҷиддист. Новобаста аз ин, аз ҷониби роҳбари давлатамон ба масъалаи занону духтарон дар дараҷаи сиёсати давлатӣ эътибор дода мешавад. Имзо гардидани ин қарор бошад, барои афзудани теъдоди бонувони кордону фаъол, духтарони ҳунарманду соҳибкор, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии онҳо, инчунин, кам гардидани миқдори занони мӯҳтоҷу бекор, вайроншавии оилаҳои ҷавон хизмат мекунад.

Гулчеҳра ҲАСАНОВА,
ҷонишини раиси маҳаллаи «Чашма»-и шаҳри Самарқанд доир ба масъалаҳои оила, зану духтарон ва иҷтимоиву маънавӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ