Фиреби селфи. Чӣ тавр бояд аз ҳасад ба ҳаёти зебо дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ кард?

Фиреби селфи. Чӣ тавр бояд аз ҳасад ба ҳаёти зебо дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ кард?


Гоҳо аксҳои зебо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳасади инсонро ангеза медиҳад. Олга Овсяник, доктори улуми равоншиносӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Маскав дар бораи роҳи мубориза бо ин эҳсоси нохуш маслиҳати худро пешниҳод кард.
Вақте ба зиндагии дигарон аз наздик диққат мекунем, баъзе аз мо фикр мекунанд, ки чаро дигарон дар ҳама ҷабҳаи зиндагӣ нисбат ба мо пешрафта ҳастанд. Бархе ба худ савол медиҳанд: чаро онҳо ҳама чиз доранд, вале ман ҳеч чиз надорам. Дар бисёр ҳолатҳо чунин хулоса баровардан боиси ҳасаду ғалаб ва як навъи азоби рӯҳӣ мегардад.
Равоншиносон барои дучор нашудан бо чунин эҳсосот маслиҳат медиҳанд, ки инсон ба шабакаҳои иҷтимоӣ худро побанд накунад. Баъзе инсонҳо мехоҳанд маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ худнамоӣ кунанд ва аксҳои идеалро ба намоиш мегузоранд. Вале, эҳтимол дорад, ки зиндагии воқеӣ аз он аксҳои идеал фарқ дошта бошад. Мумкин аст, ки дар паси касбу ҳунари бомуваффақият зиндагии шахсии ноком, дар паси муваффақиятҳои камназир меҳнати вазнин пинҳон бошад.
Беҳуда намегӯянд, ки бахт оромиву сукутро дӯст дорад. Баъзеҳо кӯшиш мекунанд, то ба дигарон ва пеш аз ҳама ба худ исбот кунанд, ки дар зиндагиашон ҳама чиз хуб аст. Чунин одамон низ метавонанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғули намоиши зиндагии бе ғаму ташвиш бошанд.
Инсон бояд фикр кунад, оё дар ҳақиқат чизе, ки ба он ҳасад мекунад, барои ӯ муҳим аст? Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки чаро зиндагии дигарон барои як нафар ин қадар аҳамият дорад?
Аз назари равоншиносон шахсе, ки машғул аст, зери таъсири муваффақияти дигарон қарор намегирад. Ба мавқеъи ҳаётӣ ва сатҳи комёбиҳои худ бори дигар назар кунед. Барои худ шуғли дӯстдошта пайдо кунед ва бештари вақтро дар зиндагии воқеӣ бо наздикони худ гузаронед.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ