Шифокорони олмонӣ дар кадом вилоятҳо беморонро муолиҷа мекунанд?

Шифокорони олмонӣ дар кадом вилоятҳо беморонро муолиҷа мекунанд?

  • Post category:Ҷаҳон


Гурӯҳи шифокорони олмонӣ барои ёрӣ дар мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон омаданд. Имрӯз, 22 август Алишер Шодмонов, вазири тандурустии кишвар бо ин мутахассисон мулоқот кард. дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Дар мулоқот масъалаҳои коҳиш додани таъсири пандемия, пешгирии беморӣ ва ҳамкории дуҷониба дар муолиҷаи беморон баррасӣ шуд.
Мутахассисони олмонӣ то 28 август дар Ӯзбекистон мемонанд. Онҳо дар ин муддат дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро дар ҷараёни муолиҷаи беморони COVID-19 бевосита иштирок мекунанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ