Бонувонро либосҳои миллӣ зебанда аст

Бонувонро либосҳои миллӣ зебанда аст

  • Post category:Ҷамъият

Мардуми донои мо «хонаю палос, одаму либос» мегӯянд. Вақте ки сухан дар бораи либоспӯшӣ меравад, бисёриҳо суханҳои зерини адиби машҳури халқи рус Антон Чеховро ба забон меоранд: «Ҳама чизи одам бояд зебо бошад: ҳам ақл ва ҳам либоси пӯши­дааш».
Як духтареро мешинохтам, ки бештар либосҳои аврупоии мӯдшударо мепӯшид. Дар салони ороиши занона ба мӯйҳои сип-­сиёҳи дарозаш ранги сурхчатоб молида мегашт. Дар пой пойафзоли пошнабаланд. Рӯяшро бо косметикаи гуногун оро медод. Ҷавонон ба вай назар афканда, дар дил «Қандатро зан, таннози маҳалла» мегуфтанд. Баъзе зану духтарони ғайбатчӣ аз оқиби ин духтар ғайбат мекарданд. Ба саломаш рӯякӣ алейк мегирифтанд.
Духтарак муддате меҳмони пойтахти мамлакат шуда баргашт. Баъди ҳамин, аз чӣ бошад, ки рафтораш тамоман дигар шуд.
Имрӯзҳо вай либосҳои миллии аз атласу адрас, шоҳию беқасам дӯхташударо мепӯшад. Мӯяшро чилкокул бофта мегардад. Либосаш ба худаш зебанда аст. Зану духтарони маҳалла акнун ӯро танҳо таъриф мекунанд. Ба саломи боадабонаи ӯ бо эҳтиром алейк мегиранд…
Ҳоло маданияти либоспӯшии зану духтарон то рафт баланд мешавад. Бонувоне ёфт мешаванд, ки дар пӯшидани либос завқи баланд надоранд. Баъзеи онҳо либосҳои қиматбаҳо харида, назебад ҳам мепӯшанд. Дар тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ пӯшидани либосҳои аз матоъҳои сунъӣ дӯхташударо меписанданд. Нархи ин гуна либосҳо дар худи мамлакати истеҳсолкунанда арзон буда, аз ин савдогарон фоидаи калон мебинанд.
Сокинони мамлакати Канада аз зану шавҳари сайёҳе, ки аз саёҳати шаҳри Самарқанд ба мамлакаташон баргаштаанд, пурсидаанд, ки кадом ҷиҳатҳои шаҳри бостонӣ ба онҳо маъқул афтодааст. Сайёҳон ба онҳо се ҷиҳати писандида: мафтункунанда будани обидаҳои таърихии Самарқанд, бениҳоят хуштам будани таомҳои миллии шаҳр ва либоспӯшии миллии бонувони самарқандиро таъкид кардаанд.
Инсонҳо, хусусан, зану духтарон либосҳои ба худашон писандидаро мепӯшанд. Қимат будани либосҳо муҳим нест, муҳим ба занҳо зебидани он аст.
Ба қарибӣ, дар тӯйе иштирок кардам. Арӯсшаванда либоси миллии аз адрасу атлас дӯхташударо пӯшида буд. Либоси никоҳӣ бо чунон дизайни баланд омода шуда, ба худаш зебида буд, ки дугонаҳояш ба вай бо ҳавас менигаристанд.
Либоспӯшӣ ҳам як санъат аст. Инсон аз рӯйи дид либос пӯшад, ҳамеша бо рӯҳияи аъло мегардад.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ