Нигаронии созмони милали муттаҳид аз гуруснагӣ дар ҷаҳон баъди пандемия


Дэвид Бисли, раиси барномаи ҷаҳонии хӯрокворӣ (БҶҒ) Созмони милали муттаҳид дар бораи эҳтимоли бо гуруснагӣ рӯбарӯ шудани инсоният баъди пандемия маълум кард.
Ба гуфтаи Бисли, барои иҷрои корҳои инсондӯстона бо мақсади коҳиш додани пайомадҳои пандемия дар 83 кишвари ҷаҳон дар ним соли оянда тақрибан 5 миллиард доллар маблағ зарур аст.
Бисли гуфт, ки маълумотҳои мавҷуда ва пешбинии БҶҒ дар бораи афзоиши 80 дарсадии мардумоне, ки бо гуруснагӣ рӯбарӯ мешаванд, “нишондиҳандаи рух додани ҳалокати ҳақиқӣ мебошад”.
Бино ба маълумотҳои созмон, ба хусус дар Амрикои Ҷанубӣ, Осиёи Шарқӣ ва Марказӣ вазъияти вазнинтар пайдо мешавад.
Барномаи ҷаҳонии хӯрокворӣ соли 1963 таъсис ёфтааст. Ҳадафи ин барнома ёрӣ додан ба кишварҳои дар ҳоли рушд дар заминаи хӯрокворӣ мебошад. Лоиҳаҳои барнома бояд ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои дар ҳоли рушд ёрӣ расонад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ