Гурӯҳи Толибон гузориши нави Вазорати дифоъи Амрикоро рад кард

Гурӯҳи Толибон гузориши нави Вазорати дифоъи Амрикоро рад кард

  • Post category:Ҷаҳон

Гурӯҳи Толибон рӯзи ҷумъа дар баёнияе гузориши ҷадиди Вазорати дифоъи Амрикоро дар бораи ҳамкории ин гурӯҳ бо Алқоида дар ҳамла ба неруҳои амниятии Афғонистон рад кард ва ин изҳоротро таблиғот барои аҳдофи мушаххас ва шум донис, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним.
Бино бар иттилои манбаъ, дар баёнияи гурӯҳи Толибон омадааст, ин гузоришҳои таҳрикомези Пентагон афғонҳоро бар нияти Амрико дар бораи сулҳ машкук кардааст.
Гурӯҳи Толибон дар баёнияи худ зимни таъкид бар пойбанд буданаш ба тавофуқнома бо Амрико, масъулияти ҳаргуна тахриби раванди сулҳи Афғонистон ва паёмадҳои пас аз онро ба уҳдаи Амрико донистааст.
Бар асоси тавофуқномаи байни Амрико ва гурӯҳи Толибон дар Қатар, ки чанд моҳ пеш имзо шуд Амрико бояд низомиёни худро аз Афғонистон хориҷ кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ