Қирғизистон сарҳадҳояшро барои 31 кишвар боз кард: Ӯзбекистон дар ин рӯйхат нест…

Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон оид ба мубориза бар зидди коронавирус, рӯйхати 31 кишварро нашр кардааст.
Ба шаҳрвандони ҳамаи ин давлатҳо иҷозаи вуруд ба Қирғизистон дода шудааст, хабар медиҳад SputnikҚирғизистон бо такя ба ситоди ҷумҳуриявӣ.
Ӯзбекистон миёни ин кишварҳо нест. Қирғизистон марзҳояшро барои шаҳрвандони Русия, Туркия, АМА ва дигар давлатҳо кушодааст:
Русия;
Гурҷистон;
Озарбойҷон;
Арманистон;
Белорус;
Қазоқистон;
Туркманистон;
Белгия;
Австрия;
Бритониё;
Олмон;
Ирландия;
Исландия;
Итолиё;
Латвия;
Литва;
Лихтенштейн;
Люксембург;
Португалия;
Туркия;
Швейтсария;
Шветсия;
Қатар;
АМА;
Чин;
Малайзия;
Куреи Ҷанубӣ;
Покистон;
Словения;
Қувайт;
Ҷопон.

Қайд мешавад, ки дар кишварҳои дар боло зикршуда, вазъияти ҳамагирии коронавирус ба эътидол даромадааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ