Япония барои донишҷӯёни хориҷӣ сарҳадро боз мекунад


Токио дар бораи иҷозати ворид шудани донишҷӯёни хориҷӣ ба Япония қарор қабул кард. Дар ин бора Kyodo хабар медиҳад.
Эҳтимолан ин ҷараён то сари моҳи сентябр оғоз мешавад. Пеш аз ҳама он донишҷӯёни хориҷие, ки бар асоси “грант”-и ҳукумати Япония таҳсил мегиранд, ба ин кишвар бармегарданд. Дертар ба дигар донишҷӯёни хориҷӣ низ барои баргаштан ба таҳсил иҷозат медиҳанд.
Ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ ҳангоми ворид шудан ба Япония барои ташхиси коронавирус тест месупоранд. Ҳамчунин, ба онҳо карантини 14-рӯза қотеъона пешниҳод мешавад.
Япония аксарияти донишҷӯёни нави хориҷиро дар баҳор ва тирамоҳ пешвоз мегирад. Аммо баҳори соли ҷорӣ донишҷӯён натавонистанд ба Япония ворид шаванд, чун ҳукумат рӯзи 19 март ворид шудани хориҷиёнро ба кишвар манъ кард.
Соли таҳсил дар Япония рӯзи 19 март оғоз мегардад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ