Дар Бухоро бо иштироки Шавкат Мирзиёев ҷаласа баргузор шуд

Дар Бухоро бо иштироки Шавкат Мирзиёев ҷаласа баргузор шуд


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар бинои фурӯдгоҳи байналмилалии Бухоро бо раҳбарон ҷаласа баргузор кард.
Дар ҷаласа масъалаҳои рушди вилоят, таъмини аҳолӣ бо кор, коҳиш додани камбағалӣ ва ғайра баррасӣ шуд.
Масъулон дар ҷаласа гуфтанд, ки дар даври пандемия аз хориҷа ба Бухоро 8 ҳазор нафар шаҳрванд баргаштанд ва 7 ҳазор нафари онҳо бо кор таъмин шуданд.
Масъалаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва содирот низ баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ дар Бухоро 571-то чунин лоиҳа иҷро ва 14 ҳазор ҷойи корӣ эҷод шуд.
Вилояти Бухоро то поёни сол мехоҳад ҳаҷми содиротро ба 184 миллион доллар расонад.
Дар ҳоли ҳозир дар вилоят корҳои сохтусоз бо суръат идома дорад. Танҳо дар шаҳри Бухоро 700 бинои нав сохта мешавад.
Раҳбарон дар ҷаласа дар бораи раванди корҳо ва нақшаҳои оянда гузориш доданд. Раисҷумҳур баъди шунидани гузоришҳо дар бораи иҷрои саривақтӣ ва самарбахши онҳо дастури иловагӣ дод.
Баъди ҷаласа Шавкат Мирзиёев ба Тошканд баргашт.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ