Дар Сӯх хонаҳои осебдидаи “воқеаҳои Чашма” таъмиру бозсозӣ шуданд

Дар Сӯх хонаҳои осебдидаи “воқеаҳои Чашма” таъмиру бозсозӣ шуданд

  • Post category:Ҷамъият


Рӯзи 31 майи соли ҷорӣ дар назди Чашмаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бо иштироки шаҳрвандони Қирғизистону Ӯзбекистон ҷанҷол шуда буд. Дар натиҷаи муноқиша хонаҳои шаҳрвандон – Раҳматҷон Тӯхтасинов ва Равшанҷон Тӯхтаназаров осеби ҷиддӣ дид. Ҳукумат ба масъулон дар бораи бозсозиву таъмири хонаҳои ин шаҳрвандон дастур дода буд.
Барои иҷрои дастур аз ҳисоби будҷаи давлатӣ 600 миллион сӯм ҷудо шуд. Манзилгоҳи Раҳматҷон Тӯхтасинов комилан таъмир ва хонаи Равшанҷон Тӯхтаназаров аз нав сохта шуд.
Рӯзи гузашта хонаҳои таъмиру бозсозишударо ба соҳибонаш супурданд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ