Шумори мубталоёни COVID-19 дар Ӯзбекистон ба 39 ҳазор нафар наздик шуд

Шумори мубталоёни COVID-19 дар Ӯзбекистон ба 39 ҳазор нафар наздик шуд


Рӯзи 23 август дар Ӯзбекистон 414 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Тошканд 6 нафар бемор вафот кард.
Дар ин рӯз дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Самарқанд, Андиҷон, Намангон, Тошканд, Сирдарё ва Қашқадарё 411 нафар бемор шифо ёфт.
Бино ба ҳолати шаби гузашта шумори умумии мубталоён ба 38 946 нафар расид. 34 987 нафари онҳо комилан шифо ёфтаанд. Омори шифоёфтагон 89 дарсад аст.
Дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳо 3 688 нафар бемор муолиҷа мешаванд. Вазъияти саломатии 249 нафари онҳо вазнин ва 129 нафар хеле вазнин мебошад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ