Чемпионати Осиё оид ба бокс ба соли 2021 гузаронида шуд

Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки бояд моҳҳои ноябр-декабр дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи COVID-19 ба соли оянда гузаронида шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон хабар дод.
Дар ин бора ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бокси Осиё, ки тариқи фосилавӣ доир гашт, қарор қабул намуд.
Ҷумҳурии Ҳиндустон мизбони мусобиқа боқӣ мемонад. Санаи дақиқи баргузор шудани мусобиқа дар ҷаласаи навбатии кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бокси Осиё моҳи ноябри соли 2020 муайян мегардад. «Конфедератсияи бокси Осиё тасмим гирифт, ки имсол имкон дорад фақат як мусобиқаро моҳи ноябр дар Чин доир намояд ва дар он беҳтарин муштзанҳо иштирок хоҳанд кард. Вале ин танҳо дар нақша аст, ҳоло баргузории он аниқ нест», — гуфтааст Коули.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ