Шумори бонувони бекор дар Самарқанд беш аз 28 ҳазор нафар аст

Шумори бонувони бекор дар Самарқанд беш аз 28 ҳазор нафар аст


Дар вилояти Самарқанд шумори бонувони бекор беш аз 28 ҳазор нафар аст. Дар ин бора “Дарё” ба нақл аз маркази матбуотии додситонии (прокуратура) вилоят хабар дод.
Аксарияти бонувони бекор дар шаҳрҳои Самарқанду Каттақӯрғон ва ноҳияҳои Булунғуру Ургут зиндагӣ мекунанд.
Додситонии вилоят барои пешгирии низоъҳои оилавӣ, муайян кардани ҷудошавиҳо ва пешгирии онҳо бо ҳамкории муассисаҳои масъул “Реҷаи ҳаракатҳо”-ро таҳия кардааст.
Додситонии вилоят дар нахустин семоҳаи сол ҷудошавии 233 оиларо пешгирӣ кардааст. Издивоҷи 320 оила, ки бо никоҳи шаръӣ зиндагӣ мекарданд, ба сурати расмӣ сабт гардидааст. Дар 15 ҳолат пеши никоҳи зудҳангом гирифта шудааст.
Дар ин муддат парвандаҳои ҷудошавӣ 45-то ва ҳуқуқшиканиҳо дар натиҷаи низоъҳои оилавӣ 239-то кам шуд.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ