Дар Самарқанд коргоҳи оксиген гузошта шуд

Дар Самарқанд коргоҳи оксиген гузошта шуд

Дар шаҳри Самарқанд бо дарназардошти афзудани эҳтиёҷ ба оксигени тиббӣ дар вилоят коргоҳи оксиген, ки дар Франсия истеҳсол гардида, дорои арзиши 600 миллион доллари амрикоӣ ва тавоноии 55 мукааб дар соат аст, ба кор дароварда шуд.
Инчунин, бо мақсади беҳсозии сифати хизматрасонии тиббӣ барои автомошинаҳои махсус, аз ҷумла, 83 дона “Damas”, 10 дона “Volkswagen” ва 2 дона “Isuzu” ҷамъ 10 миллиарду 799 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд.
Ғайр аз ин, ба Маркази осоиштагии санитариву эпидемиологии вилоят барои хизматрасонӣ бобати пешгирии паҳн гардидани сирояти коронавирус 27 то автомошинаи 27 тақдим гардид.
Барои захираи дорувориҳо аз буҷети маҳаллӣ ба таври иловагӣ 5 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. ин маблағҳо ба ҳисоби Ҷамъияти ҷумҳурии “Дори-дармон” гузаронида шуда, захираи семоҳаи дорувориҳои зарурӣ тайёр карда шуд.
То имрӯз аз тарафи Вазорати ҳифзи тандурустии мамлакат барои хизматрасонии тиббӣ ба беморон аз рӯйи тартиби марказонидашуда ба муассисаҳои махсуси табобатӣ-профилактикии вилоят 1598 дона 50 навъи асбобу ускунаҳои тиббии замонавии 20 миллиарду 880 миллион сӯмина оварда шуд. Инчунин, бо ёрии ҳокимияти вилоят 1220 дона баллонҳои оксиген, 75-то кардиомонитор, 2000-то аппарати Бобров, 1500-то пулсаксиметр, 872-то консулҳои оксиген, 140-то консентратори оксиген, 1000-то найсаҳои оксиген оварданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ