Дар Гурҷистон аз баландии 80 метр автобуси сайёҳон ба поён афтод. Фавтидагон ҳастанд

Дар Гурҷистон аз баландии 80 метр автобуси сайёҳон ба поён афтод. Фавтидагон ҳастанд

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Гурҷистон аз баландии 80 метр автобуси сайёҳон сарозер шуд, хабар медиҳад Sputnik Гурҷистон.
Ба иттилои манбаъ, сайёҳон барои як рӯз ба манотиқи кӯҳӣ баромаданд ва ҳодисаи нохуш дар роҳ ба самти Шатил рух додааст. Гуфта мешавад, дар натиҷа дасти кам 17 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафар бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуданд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки чандин сайёҳи дигар дар натиҷаи сарозер шудани автобус, беному нишон шуданд ва наҷотбахшон дар макони ҳодиса корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.
Таъкид мегардад, ки феълан шумораи дақиқи қурбониёни ин ҳодиса маълум нест.
Ҳамчунин, иллати сарозер шудани воситаи нақлиёт низ норӯшан аст. Ба эҳтимоли зиёд, ҳавои ноустовори чанд рӯзи ахир, роҳҳои кӯҳиро валангор намудааст.
Феълан ВУД Гурҷистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот меборад.
Роҳбарияти Гурҷистон ба наздикони қурбониён изҳори тасаллият намудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ