Шифокорони олмонӣ маркази табобатии Самарқандро эътироф карданд

Шифокорони олмонӣ маркази табобатии Самарқандро эътироф карданд


Матн ва сурати Бахтиёр МУСТАНОВ
Як гурӯҳ мутахассисони олмонӣ бо мақсади ёрӣ дар мубориза бо коронавирус ба Самарқанд омаданд.
Меҳмононро дар вокзали роҳи оҳани Самарқанд ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов, сарвари Садорати ҳифзи тандурустӣ Д.Ҷумъаниёзов пешвоз гирифтанд.
Мутахассисони иборат аз экспертҳои Институти Роберт Кох, Бюрои минтақавии Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо, клиникаҳои донишгоҳҳои Франкфурт-Майн ва Дюсселдорф ба маркази табобатӣ ва тақсимотии дар шаҳри Самарқанд ташкилгардида рафтанд. Дар ин ҷо дар раванди табобати гирифторони коронавирус бевосита иштирок карда, бо шароитҳое, ки ба беморон фароҳам оварда шудааст, шинос гардиданд.
– Ба Ӯзбекистон бо мақсади таҷрибаивазнамоӣ бобати мубориза бар зиддӣ коронавирус омадем, — гуфт ҷонишини сарвари Маркази байналхалқии ҳифзи тандурустӣ Андреас Янсен. – Дар пункти табобатӣ ва тақсимотии шаҳри Самарқанд бо шароитҳои барои беморон ва шифокорон муҳайёгардида аз наздик шинос шудем. Ин муассиса ба тамоми талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй аст. Ба сифати мутахассисе, ки бо корҳои дар ин самт дар мамлакатҳои Африқо, Аврупо ва Осиё иҷрогардида ошно ба чунин хулоса омадам.
Дар рафти мулоқот мутахассисони олмонӣ дар доираи таҷрибаи худ ба шифокорони самарқандӣ доир ба табобати сироятёфтагони коронавирус таклифу тавсияҳои худро доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ